Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Ифтихор аз Пешво дорем мо!

(Таассурот аз иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи бинои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом)

      Барои сокинони ваҳдатшиори Канди бостонӣ мояи саодат ва сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳузури мунавварашон  ба диёри мо нуру сафо оварданд. Ин ҳузури муборак барои ҳизбиёни шаҳри Конибодом рузи фаромушнашаванда ва хотирмон аст. Зеро бинои маъмурии хуштарҳу замонавии кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бо иштироки бевоситаи Раиси муаззами ҳизб дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд.

   Ин бино, ки бо роҳнамоии роҳбарияти олии ҳизб ва  саҳмгузории ҳар як аъзои фаъоли ҳизб, соҳибкорону саховатпешагони ватандуст  қомат афрохтааст, моро водор месозад, ки баҳри татбиқи босамари  Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолият намоем, корҳои тарғиботиву ташвиқотиро тақвият бахшида, баҳри гул-гулшукуфии Ватани азизамон тамоми донишу маҳорати хешро равона созем. Муҳимтар аз ҳама дар таъмини зиндагии шоиста ба мардум аз ҳар вақта дида саъю талоши бештар варзем.

 Бояд қайд намуд, ки бинои нав на танҳо бинои хизматӣ бо утоқҳои замонавию корӣ барои ҳизбиён, балки меҳвари баҳамоиву сарҷамъӣ ва муттаҳидии ҳар як аъзои ҳизб ва аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “ Созандагони Ватан” ва дар маҷмӯъ эътиқодмандони мо дар шаҳри Конибодом маҳсуб меёбад.

    Дар ин радиф ҳамчунин дар шаҳри Конибодом як қатор иншоотҳои  соҳаҳои маориф,тандурустӣ хизматрасонӣ дари худро барои сокинони шаҳрамон боз намудааст, ки он ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги таърихӣ: 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманде хоҳад буд. Ва ин ҳама ободкориву созандагиҳо аз фазилати истиқлоли давлатӣ ва аз шарофати қудуми мубораки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

  Бо ифтихору сарфарозӣ аз сулҳу ваҳдати комил ва шукргузорӣ аз оромиву шукуфоии Тоҷикистони азизам ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипоси бепоёни кулли ҳизбиёни шаҳри Конибодомро расонида ,гуфтаниям:

“ Мо бо Шумо -Пешвои маҳбуби миллат ифтихор дорем!”

Бобоҷонзода Азимҷон Тоир

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *