Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Иқдоми ободонӣ вусъат дорад

Тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода дар самти ободонию тозагӣ дар ҳудуди шаҳру деҳот ва маҳалаҳо корҳои назаррас сурат гирифта, аз ҷониби масъулин ва сокинон ба тозагию ободкории тамоми гӯшаю канори шаҳрамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Аз ҷумла бо супориши Раиси шаҳр иншооти дохили хочагии заҳбӯри маҳаллаҳои Қӯруқ ва Сайфуллоев ба масохати 650 метр тоза карда шуд. Дар ин ташаббус масъулини ҷамоати деҳоти Пӯлодон бо роҳбарии раиси ҷамоат Фирдавс Бахтиёрзода ва сокинони маҳалла дастаҷамъона ба ҳашари тозагӣ баромада, бо истифода аз техникаҳои ёрирасон заҳбӯри ин ҳудудро аз партову алафҳо ва хоку санг тоза намуданд.

Амалисозии чунин иқдомоти ободонию тозагӣ дар шаҳр рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта, маҳаллу деҳоти гуногуни шаҳрамон бо азму иродаи созандаи сокинон сарсабзу хуррам ва ободу зебо гардонида мешавад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *