Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Иҷлосия ва саодати бонувон

    Таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ин таърихи миллат ва халқи кишвар бо ному фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Мо ба он хотир ба ин иҷлосияи тақдирсоз арҷгузорӣ мекунем. Иҷлосияи тақдирсози Шурои Олӣ имконият ва шароит фароҳам овард, ки раванди сулҳи миёни тоҷикон барқарор гардад. Маҳз ин санаи муҳими таърихӣ ба ҷониби қувваҳои даргир ва ба нооромии кишвар нуқта гузошт ва истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро ҳифз намуд.

    Дар шароити нобаҳангом ва фавқуллода ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ имконнопазир буд, чунки тамоми  сохтор ва шохаҳои ҳокимиятдорӣ дар ин давра фалаҷ гардида буданд. Барои оромиро ба кишвар дубора овардан пеш аз ҳама ҳамдигарфаҳмӣ, бахшоиш ва муттаҳидӣ лозим меомад, ки хушбахтона дар фурсати начандон тӯлонӣ ин ҳам амалӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки аз оғоз то имрӯз дар ин роҳ хизмати таърихии Роҳбари ҷавони кордону дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ беназир ба ҳисоб меравад.

      Зеро, ин рўйдоди муҳимми таърихӣ дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки бо дилу нияти пок аз рўзҳои аввалини роҳбарӣ тамоми кўшишу заҳматҳои худро барои хомўш намудани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот, якпорчагии марзу буми аҷдодӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон равона намуда, халқи тоҷикро муттаҳид сохт ва ба номи поки зан-модар арҷ гузошт.

  “Дар ҳама иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассуми маънавиёти гаронбаҳои халқи кӯҳанбунёди мо мебошад, басо бузург аст”.

Эмомалӣ Раҳмон

    Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ин давра имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодии занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил ёфта, равиши тоза гирифта истодааст. Зеро табиист, ки ҷое занону бонувон ҳаст, назму низом ва самимияту меҳрубонӣ пойдор аст. Имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосса аз тарафи  Пешвои миллат нисбат ба рушду нумӯи онҳо дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ, як қатор барнома ва стратегияҳои давлатӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти занонро фаро гирифта, татбиқи амалӣ ва ҳаёту фаъолияти бонувони тоҷикро боз ҳам рангину раванди тоза мебахшанд. Интишори фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» намунаи беҳтарини эътимоду боварӣ ба занон ва қадрдшиносии онҳо мебошад. Ҳамин тариқ, бо боварии комил метавон гуфт, ки модарону бонувони арҷманди мо чунин суннатҳои деринаи миллиамонро дар оянда низ идомаи нек бахшида, баҳри ободии кишвари азизамон, оромии ҷомеа ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон нақши бориз мегузоранд. Ва ин ҳама саодату садоқати онҳо аз оғози Иҷлосияи сарнавиштсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад.  

     Шукр, ки бо шарофати хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон сулҳу салоҳ барқарор гардид ва имрўз мо дар ватани биҳиштосо зиндагӣ дорем. Мо занону бонувон ифтихор аз он дорем, ки Тоҷикистон чунин Роҳбари тавоно дорад ва Пешвои миллат кишварро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, онро ба як давлати пешрафта табдил дод.

 Поянда бод, сулҳ, якдилӣ ва соҳибистиқлолии кишвар!

 Зиҳӣ , Пешвои равшанзамири миллат!

Фируза Шерматова

Муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *