Ин навбат масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо омӯзгорони муассисаи таълимии №15-и деҳаи Маданият мулоқот оростанд. Зимни мулоқот масъулин бобати амалишавии Қонунҳои миллӣ аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ибрози ақида намуданд. Дар раванди сӯҳбат худ масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҳизб нақши қонуни зеринро дар боло рафтани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ намуд. Инчунин оид ба мавзуи зикргардида чанде аз омӯзгорон низ фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Дар рафти сӯҳбат ҳамчунин аз тарафи намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи тарбияи дурусти насли наврас, масъулиятшинос будани онҳо, мустаҳкамтар намудани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии миллӣ дар ботини онҳо ақидарониҳо намуд.
Дар фарҷоми мулоқот бархе аз муаллимон ба сафи узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул карда шуданд.