Рубрики
Uncategorized

Конибодом: Китоб роҳнамои зиндагӣ

      Таҳти чунин унвон бо ибтикори омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Юлдошева Машҳура дар муассисаи таълимии #2-и шаҳри Конибодом нисфирӯзии 6уми апрели соли ҷорӣ чорабинии илмӣ-бадеӣ бо иштироки масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом , намоянда аз раёсати маорифи вилоят ва омӯзгорони фаъоли муассиса гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур хонандагони муассисаи зерин фаъолона ширкат варзида, дар васфи китобу китобхонӣ шеъру гуфтор ва саҳначаҳои тарбиявӣ намоиш доданд. Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои зерин баланд бардоштани шавқи китобхониву китобдустии хонандагон , аз китобхонаю китобҳо самаранок истифода бурдан ва бад ин васила тарбия намудани насли ҷавон дар роҳи росту дуруст, парвариши ахлоқи ҳамида дар ҷавонони имруза мебошад. Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  роҳандозӣ гардида, дар тамоми ташкилоту муассисаҳо бо мақсади ҷалби хонандагону дустдорони китоб баргузор шуда истодааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *