Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом аз фаъолияташ дар соли 2021 натиҷагирӣ намуд

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар соли 2021 бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Раҳмон Заррина ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Қудратуллозода Сафарбег баргузор гардид.Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир доир ба фаъолияти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб дар соли 2021 маърӯза намуд. Баъдан, доир ба ин масъала сардухтури беморхонаи марказии шаҳр Самиев Ҳусейн, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр Абдуллоева Марҳабо, намояндаи ташкилоти ибтидоӣ дар ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматова Шокиров Абдураҳим, намояндаи ташкилоти ибтидоии КВД “Таъмири қатораҳои Маҳрам Нурматов Дилшод ба музокира баромаданд.Сипас, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Раҳмон Заррина ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Қудратуллозода Сафарбег баромад намуда, доир ба боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти кумиҷроияи дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома нақшаи кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом барои соли 2022 тасдиқ карда шуд.Доир ба масъалаи сеюми ҷаласа таҳия ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба роҳандозии тарғибу ташвики Паеми Асосгузорисулҳу ваҳдатимиллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша ва руйихати гуруҳи тарғиботӣ тасдиқ гардид.Дар фарҷом ба чанде аз роҳбарон ва фаъолони ҳизб сипосномаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, супорида шуда,чанде аз ҷавонони фаъол ба сафи узви ҲХДТ пазируфта шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *