Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом аз фаъолияташ дар нимсолаи аввали соли 2021 натиҷагирӣ намуд

Санаи 13-уми июли соли 2021  тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар давоми нимсолаи аввали соли 2021 бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва муовини Раиси шаҳр Ғафурзода Зарринахон баргузор гардид.

Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир доир ба фаъолияти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб дар давоми нимсолаи аввали соли 2021 маърӯза намуд. Баъдан, доир ба ин масъала муовини сардухтури Беморхонаи марказии шаҳр Яқубов Аҳмадҷон, узви курси захираҳои назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом – Бекназарова Севара ва муовини директори Коллеҷи технологии ба номи “Абдулаҳад Қаҳҳоров”-и шаҳр Муссоев Манучеҳр  ба музокира баромаданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома рафти иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Сипас, муовини Раиси шаҳр Ғафурзода Заррина ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон баромад намуда, доир ба боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии тоҷикистон дар шаҳри Конибодом доир ба масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Дар фарҷом дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд ҷавонони фаъоли шаҳр шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *