Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Кӯшунҳои миллӣ -ҳимоятгари Ватан!

Ватан, ман сарҳадатро посбонам,

Сафобахшандаи бахти ҷавонам.

МАҚОЛА: Дар дунё ҳама одамон Ватан доранд. Ватан хонаи умеди ҳар сохибватан мебошад. Сарзамине, ки ҳар қатраи оби софу ҳар кафи хокаш, сабзаву дарахтони сарсабзу ҳар санги кӯҳсораш азизу муқаддас аст. Маконест, ки манзили ободу меҳрпарвар, ки кас дар оғӯши гармаш ба камол мерасад, аз чашмаҳои зулолаш менӯшад ва дар фазои паҳновараш чун парандаҳои баландпарвоз озодона пару бол мезанад.

Ватан меҳрат ба дил азбаски ҷо шуд,

Дилам аз хуррамӣ чун ғунча во шуд.

Ҳукумати мамлакат аз ибтидо бо мақсади ҳарчи хубтар ба эътидол овардани вазъияти кишвар ва ташкили воҳидҳои зарурии низомӣ аз ҷумла қӯшунҳои хушкигард, зудамал, дохилӣ, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, гвардияи миллӣ, кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва таъминоти онҳо бо иншоот, техника ва лавозимоти ҳарбӣ, инчунин тарбияи кадрҳои соҳибихтисос кӯшиш карда, сарфи назар аз душвориву мушкилоти зиёд ҳалли ин масъаларо тадриҷан таъмин намуд.

Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати иардонагист. Ҳар як ҷавонмарди бо нангу номус бояд муҳофизати Ватан-Модарро қарзи муқаддаси фарзанди хеш дониста, ҳеҷ гоҳ аз ин шарафи бузург худро канора нагирад. Зеро, оромиву амният, осоиштагиву арзишҳои миллӣ маҳз аз ҷасорату матонат, иродаи қавии ҷавонмардони ватандӯсти диёр, аз эҳсоси баланди худшиносӣ ва меҳанпарастии ҷавонон вобастагии калон дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем.

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки артиши миллиамон ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ нуфузу мавқеи хоса касб намудааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд дарк намоянд, ки артиш қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро дорад ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта ба сар барад.

Эй Ватан, эй кишвари озодаам.

Ман зи модар баҳри ҳифзат зодаам.

То ки бошам ҳамдаму ҳамрози ту,

Гаштаам Модар-Ватан сарбози ту.

Мо ҷавонон, ки ояндагони диёри биҳишосоем, талош бар он меварзем, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат кунем. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона адо намудааст, ифтихори бузург аст.

Шокиров М – аъзои

фаъоли ҲХДТ аз шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *