Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Маориф- соҳаи калиди кишвар

                           

Чунин мулоқот дар муассисаи таълимии хусусии шаҳр бо иштироки васеи омузгорон сурат гирифта,онро директори муассиса Отахонова Фируза ҳусни оғоз бахшид. Дар мулоқот муовини Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Фируза Шерматова иштирок ва суханронӣ намуда, соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи калидии кишвар арзёбӣ намуд. Мавсуф афзуд,ки давлату ҳукумат ,шахсан роҳбари давлатамон нисбат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус дошта, дар Паёми навбатиашон баён доштанд: ” Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи Ватан мебошад “.
Зимни мулоқот ҳамчунин масъулин аз дастовардҳои шогирдони муассисаи мазкур дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он ёдовар гардида, нақши ҳар як омузгори муассисаро назаррас эътироф намуд. Чанде аз омузгорон бобати Паёми Пешвои миллат ба маҷлиси Олии кишвар ибрози назар намуда,аз ғамхориҳои пайваста ва маорифпарваронаи Пешвои миллат изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар фарҷом ҳашт нафар омузгорони ҷавону навовар бо сафи узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *