Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: “МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ” фаъолияти яксолаашро натиҷабардорӣ намуд

   Санаи 16уми июн дар ҷаласаи ҳисоботӣ -интихоботӣ  дар ташкилоти ибтидоии  “Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ” мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Гулнора Урунова иштирок намуд. Нахуст тибқи рузномаи ҷаласа ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ  Ҳусейнова Дилором ба самъи ҳозирин расонида шуда, бобати он музокирачиен зимни баромади хеш фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар  ташкилоти ибтидоии ” Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ” -ро қаноатбахш арзёбӣ намуда, зикр доштанд,ки ғамхориҳою меҳрубониҳои давлату ҳукумат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати шахсони танҳо, маъюб ва камбизоат пайваста эҳсос менамоянд.

     Сипас,аз  руйи масъалаи дуюми рузномаи ҷаласа раис ва котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.

Ҳамчунин раиси ташкилоти мазкур ба ҳайси вакилӣ ба Конференсияи 26- уми ҲХДТ дар шаҳри Конибодом пешниҳод гардида,аз ҷониби масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ баъди қабули қарори дахлдор ба руйихат дароварда шуд.

    Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  кумитаи иҷроияи ҲХДТ зимни баромади хеш қайд намуд,ки саҳми ташкилоти ибтидоии “Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ” ва 25 нафар аъзоёни он дар пешрафт ва беҳбудии шароити сокинони кишвар назаррас арзёбӣ гардида, ҳар як аъзои ташкилоти мазкурро зарур аст ,ки бо эҳсоси баланди ватандорӣ, хизматрасонии олӣ ва муносибат бо шахсони маъюбу танҳо минбаъд низ фаъолияти босамар дошта бошанд ва дар самти амалӣ намудани барномаҳои созандаи ҲХДТ саҳми арзанда гузоранд.

    Дар фарҷоми ҷаласа ба раиси ташкилоти номбурда  Сипосномаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *