Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: “Матбуот оинаи ҷомеа “

Ба ифтихори рӯзи матбуоти тоҷик ва 90-солагии рӯзномаи “Садои Конибодом” мувофиқи нақша- чораҷӯиҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом санаи 10.03.2022 дар Коллеҷи технологии шаҳр маҳфили адабӣ таҳти унвони “Матбуот- оинаи ҷомеа” баргузор гардид, ки дар он собиқадорони соҳаи матбуот, узви ТҶҶ ” Созандагони Ватан “-и КИШ ҲХДТ, омӯзгорону муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, навқаламону шеърнависон иштирок доштанд.

Нахуст маҳфилро муовини раиси КИШ ҲХДТ Шерматова Фирӯза ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо меҳмонон шинос ва ҳадафи баргузории чорабиниро баён намуданд.

Сипас маърӯза бо номи “Матбуот ва нақши Рӯзномаи Садои Конибодом дар рушди идеологии ҷомеа” аз тарафи мутахассиси шӯъбаи иттилоот ва таблиғоти КИШ ҲХДТ Урунова Гулнора ироа гардид.

Аз тарафи аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” маълумот дар бораи журналистика, матбуот ва заминаҳои пайдоиши он пешкаш гардид.

Инчунин хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар рафти маҳфил шеърҳо дар васфи Ватан, модар ва Тоҷикистон қироат намуданд.

Навқаламон шеъру таронаи тозаэҷоди худро баҳри ҳозирин эҳдо намуданд.

Дар маҳфили адабӣ сухан ба узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ Содиқов Абдусаттор ва Ғаниева Қумриҷон дода шуд, ки эшон дар бораи фаъолият ва нозукиҳои касби хеш нақл карданд. Инчунин, ҷавононро ба китобхониву китобдӯстӣ даъват намуданд.

Дар маҳфил мубодилаи афкор сурат гирифт, ки дар он ҷавонон ба саволҳои пешкашкардаи худ посухҳои ҷолиб гирифтанд.

Ҳамчунин ғолибони озмуни ” Иншои беҳтарин” бо истифода аз ҳузури меҳмонон қадршиносӣ карда шуданд.

Дар фарҷом баҳри болидахотирии ҳозирин суруд аз тарафи устодону шогирдони мактаби санъати шаҳр шунида шуд.

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *