Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Маърифати оиладорӣ

    Ҷиҳати иҷро ва риояи Қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзим, анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва  оид ба баланд бардоштани маърифати оиладории  ҷавонон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар  ҷамоати деҳоти Пӯлодон семинар – машварат баргузор гардид. Дар кори семинар намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Наргис Исмоилова, Зарнигор Баротова ва собиқадори меҳнат Солеҳахон Ваҳҳобова иштирок доштанд.    

       Дар оғоз Раиси ҷамоати деҳот Фирдавс Бахтиёрзода дар бораи муқаддас будани оила, омодагии ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ва мустаҳкам нигоҳ доштани оила ҳарф зад.   

     Иштирокчиёни семинар роҷеъ ба ахлоқи накӯ, сабру таҳаммул дар оила, эҳтироми ҳамдигар ва расидан ба қадри калонсолону волидон саволу ҷавоб ва ибрози андешаҳо намуданд. Қайд карда шуд, ки асоси пойдории оила аз ахлоқу тарбия ва саводнокиву маърифат вобаста аст.

      Дар рафти семинар хонандагону ҷавонон дар мавзӯҳои тарбиявию ахлоқӣ шеъру гуфтор ва андарзҳо қироат намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *