Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: МАҲФИЛИ “ОИНАИ ИБРАТ“ ДАР ХОНАДОНИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ

       Масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо мақсади мустаҳкамии оилаҳои ҷавон, пойдор будани фазои якдигарфаҳмӣ дар оила, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва роҳ надодан ба ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб, хушунату зӯроварӣ дар оила тасмим гирифтанд,ки маҳфили тарибиявии сайёр таҳти унвони “Оинаи ибрат”-ро дар оилаҳои намунавию беҳтарини шаҳри Конибодом бо иштироки насли ҷавон, наварӯсону хушдоманҳо роҳандозӣ намоянд.

      Ин навбат  санаи 3.11.2022  маҳфил дар хонадони  собиқадори ҲХДТ, зани баруманди шаҳри Конибодом Раъно Ҷӯраева баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷавонони фаъоли шаҳр, аъзоёни ТҶҶ “ Созандагони Ватан”ва ҷавондухтарони коллеҷу литсейҳои шаҳр ҳузур доштанд. Зимни мулоқот қаҳрамони маҳфили сайёр бобати нозукиҳои оилаву оиладорӣ ҳарф зада, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки таҳаммулпазириро бештар пешаи худ дар зиндагӣ намоянд, эҳтироми худ ва атрофиёнро ба хубӣ ба ҷо оранд ва сарфакору сариштакор бошанд.

      Маҳфили “Оинаи ибрат” бобати таҷрибаи рӯзгори нафарони барӯманди диёр боиси рӯҳбаландии иштирокдорон гардид ва тавонистанд, ки ба суолҳои хеш посухҳои маслиҳатомез бигиранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *