Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Маҳфили сайер: ” Оинаи ибрат ” дар хонадони ҳунарманд

Як сол инҷониб тибқи нақша – чораҷуиҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо мақсади мустаҳкамии оилаҳои ҷавон, пойдор будани фазои якдигарфаҳмӣ дар оила, ҷалби ҷавонону наврасон ба омӯзиши ҳунару ҳунармандӣ ,хоса эҳёи ҳунарҳои дастиву қадима ва роҳ надодан ба ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб маҳфили тарибиявии сайёрро таҳти унвони “Оинаи ибрат” дар оилаҳои намунавию беҳтарин ва ҳунарманди шаҳри Конибодом бо иштироки насли ҷавон, наварӯсон роҳандозӣ менамояд.

Маҳфили идона дар арафаи Рузи модар дар хонаводаи зани ҳунарманд, тоқидузи моҳир, гирандаи гранти раиси вилоят Раупова Муътабархон баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷавонону наврасони фаъоли шаҳр ҳузур доштанд.

Зимни мулоқот қаҳрамони маҳфили сайёр Муътабархола бобати нозукиҳои касби тоқидузӣ ва оилаву оиладорӣ, ҳарф зада, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки таҳаммулпазириро бештар пешаи худ дар зиндагӣ намоянд, эҳтироми худ ва атрофиёнро ба хубӣ ба ҷо оранд, сарфакору сариштакор бошанд ва ҳунарҳои аҷдодиамонро омузанду соҳибкасб шаванд.

Ҳамчунин қаҳрамони маҳфил аз дастгириву таваҷҷуҳи роҳбари давлат нисбати ҳунармандон ибрози сипосмандӣ

намуда, қайд карданд,ки зимни ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ба ҳунари ин нафар таваҷҷуҳ намуда ,ҳамсуҳбат гаштанд.

Маҳфили “Оинаи ибрат” бобати таҷрибаи рӯзгор ва ҳунари нафари барӯманди диёр боиси рӯҳбаландии иштирокдорон гардид ва тавонистанд, ки ба суолҳои хеш посухҳои маслиҳатомез бигиранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *