Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Маҳфили фарҳангӣ: Модар фаришта аст!

             

    Зан- модар офарандаи ҳаёту мамот, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси муаззами ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “ Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ менамояд. Давлате, ки нисбат ба модар бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.” 

    Дар ҳамин радиф, бо мақсади арҷгузорӣ ба номи зан, қадр намудани меҳнати модарон, гиромӣ доштани номи зан ва баланд бардоштани эҳтиром нисбат ба  занон дар ҷомеа Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бахшида ба рӯзи модарон як қатор чорабиниҳои илмӣ- адабӣ, фарҳангӣ, мизҳои мудаввар, вохӯриву мулоқотҳо бо занони фаъолу собиқадор гузаронида истодааст. Чунин маҳфили фарҳангӣ дар Китобхонаи марказии шаҳр санаи 3.03.2022 таҳти унвони “Модар фаришта аст” баргузор гардид, ки дар он китобдорони китобхона- филиалҳо хеле фаъолона ширкат варзида, аз рӯи чанд номинатсия баромадҳои ҷолиб карданд. Дар чорабинӣ  намояндагон аз кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом,  собиқадорон, муаллимони пешқадами муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд. Чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкиливу фарҳангӣ баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *