Субҳи 16-уми июни соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Беморхонаи бачагонаи шаҳри Конибодом ҳисоботи интихоботӣ баргузор гардид. Дар Маҷлиси ҳисоботӣ зимни масъалаи якуми рӯзнома Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Беморхонаи бачагонаи шаҳр Раҳимов Қурбоналӣ доир ба фаъолияти дуюнимсолаи ҳизбиён ҳисобот дод. Дар маърӯза фаъолияти серҷабҳаи ҳизбӣ ҳаматарафа таҳлил гардиданд. Аз рӯи масъалаи якум табиби кӯдакона Исоқова Шоҳида ба музокира баромада, доир ба пешрафти кори ҳизбӣ таклифу пешниҳодҳои худро баён намуданд. Фаъолияти дуюнимсолаи ташкилоти ибтидоӣ аз ҷониби иштирокдорон қаноатманд арзёбӣ гардиданд.
Аз рӯи масъалаи дуюм дар асоси таклифи котиби ташкилот Бобоҷонова Гулсара дастаҷамъона Раҳимов Қурбоналиро дубора Раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб намуданд.
Дар фарҷом мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Қобилов Аббос ба сухан баромада, доир ба боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти ҳизбӣ ва бартараф намудани баъзе камбудиҳо ба масъулини ташкилоти ибтидоӣ дастур дод.