Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бомаром идома дорад.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ” и шаҳри Конибодом маҷлиси ҳисоботӣ -интихоботӣ баргузор гардид.Дар маҷлис Фируза Шерматова – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируз Ҳоҷиев мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом иштирок намуданд.

Тибқи масъалаи якуми рўзномаи маҷлис натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 баррасӣ шуда, нақшаи фаъолияти он барои нимсолаи дуюми соли 2022 муайян гардид. Боиси зикр аст,ки 70 фисади кормандон аз ташкилоти ибтидоии мазкур аъзои ҲХДТ буда, масъулин қайд намуданд, ки баҳри амалисозии барномаҳои ҲХДТ минбаъд низ ҷидду ҷаҳд намуда, сафи аъзои ҲХДТ- ро боз афзун намоянд.

Дар асоси масъалаи сеюми рўзномаи маҷлис бо тарафдории аъзои ташкилот Меликзода Ҳикматулло дигарбора раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ” интихоб шуд.

Доир ба дигар масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом зимни баромади хеш қайд намуд,ки давраи ҳисоботӣ низ идомаи имтиҳони шадид бобати пешгирии бемории сироятии коронавирус буд ва аъзоени ҲХДТ аз Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ низ чун дигар кормандони соҳаи тандурустӣ ” ” қаҳрамонони давр ” буданд ва баҳри солимии ҷомеа мубориза бурданд.

Даъват ба амал оварда шуд,ки минбаъд низ баҳри баланд бардоштани нуфузи ҲХДТ ҳар як аъзои ҲХДТ -ро зарур аст,ки бо дарки баланди ватандустӣ ва масъулиятшиносӣ саҳмгузор бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *