Рубрики
Асосӣ

Конибодом: Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “Куҳандиёр” баргузор шуд.

Дар ташкилоти ибтидоии “Куҳандиёр” – и шахри Конибодом мачлиси хисоботӣ- интихоботӣ доир гардид. Дар маҷлиси мазкур  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир иштирок доштанд.

Раиси ташкилоти ибтидоии номбурда  маҷлисро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолият ва бурду бохти  ташкилоти ибтидоии “Куҳандиёр” дар назди ҳозирин маълумот дод ва вазифаҳо дар фаъолияти босамари минбаъдаро пешниҳод кард.

Баъд аз шунидани хисобот як нафар фаъоли ташкилот ба музокира баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро каноатбахш хисобиданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир зимни баромади хеш иброз намуд, ки ташкилоти ибтидоӣ асоси ҳизб буда, дар амали намудани ҳадафҳои созандаи ҳизб саҳми муносиб доранд. Ҳамчунин таъкид ба амал оварда шуд, ки дар шароити имрӯза бояд хар як аъзои ҲХДТ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои нигаҳдории сулҳу суббот кушиш ба харҷ диҳанд.

Дар ҷараёни маҷлис масъалаи  интихоби раиси ташкилот, интихоби вакил ба Конференсияи шаҳри ҳизб мавриди баррасӣ карор дода шуд.

Дар охир якчанд нафар фаъолон бо Сипоснома кадрдонӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *