Рубрики
Асосӣ

Конибодом: Маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ бомаром идома дорад

Дар идомаи ҷаласаҳои ҳисоботӣ ин навбат санаи 10-уми июни соли 2022 дар Театри драммавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова-и шаҳри Конибодом маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ гузаронида шуд, ки дар он масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ширкат варзид. Дар кори ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоӣ Қодиров Ғайрат ҳисоботи яксолаи ташкилотро ба саҳми ҳозирин расонида қайд кард, ки дар давоми як сол  ташкилот ва ҳамаи аъзоён ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла намоишномаҳои тарбиявӣ на фақат дар шаҳри Конибодом,инчунин дар дигар шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин дар ҳамсоякишварҳо аз тарафи кормандони ҷавони театр гузошта шуданд. Намоишномаҳои мазкур ҷавононро дар роҳи  ватандустӣ, ҳисси баланди хештаншиносӣ, далерию мардонагӣ ва хислатҳои неки инсонӣ тарбия менамоянд ,зеро яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тарбияи ватандустии насли ҷавон мебошад.  Бояд қайд кард,ки аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии Театри давлатӣ бо кумиҷрояи шаҳрӣ робитаи зич дошта, дар чорабиниҳои ҳизбӣ бевосита саҳми худро мегузоранд. Бинобар ин фаъолияти  ташкилоти ибтидоии мазкур аз тарафи аъзоёни ташкилот қаноатманд ҳисобида шуда, раиси ташкилоти мазкур Қодиров Ғайрат интихоб гардид. Инчунин, номзадии эшонро ҳамчун вакил ба Конфренсияи ҳизбии шаҳр арзанда дониста, аз тарафи иштирокчиёни ҷаласа дар ҳамин самт қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Намояндаи кумиҷроияи шаҳрӣ дар фарҷом моҳият ва ҳадафҳои баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботиро бори дигар қайд намуда, ҷиҳати тақвияти бештари корҳои дохилиҳизбӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҲХДТ, вусъати корҳои таблиғотӣ боз ҳам қавитар намоянд. Дар хотима узви фаъоли ташкилоти ибтидоии зерин бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом сарфароз гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *