Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар Коллеҷи техгологии шаҳр мизи мудаввар таҳти унвони “Паёми Пешво- тоҷи сиёсат” вобаста ба самтҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор гардид.
Дар мизи давр намояндагони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, занони собиқадори фаъоли ҳизб, вакилони шаҳрию маҳаллӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, занони фаъоли шаҳр ва ҷавонон ҳузур доштанд.
Чорабиниро муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Шерматова Фирӯза ифтитоҳ намуда, суханро ба директори муассисаи таълимии №25 Ғанизода Фирӯза дод.
Сипас баромади вакили ҷавон, директори М.Т.М.У №26 Баротов Ғафурҷон таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат роҳнамои ҷавонон” шунида шуд.
Инчунин, баромади мутахассиси шӯъбаи иттилоот ва таблиғоти кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Урунова Гулнора таҳти унвони “Инъикоси масъалаҳои пешрафти маориф дар Паёми Пешвои миллат” ба ҳозирин пешкаш гардид.
Аз ҷониби табиби ҷавон, ҷарроҳи БМШ, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр Нӯъмонов Тоҳирҷон дар мавзӯи “Таваҷҷӯҳи Пешвои миллат ба соҳаи тиб” маърӯза ироа гардид.
Тӯраев Мухриддин – узви фаъоли ҲХДТ оид ба “Саноаткунонии босуръати кишвар-ҳадафи чоруми миллист” баромад карда, фикру андешаҳои худро дар ин самт иброз дошт.
Дар фарҷом муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мансурӣ Замирахон ва собиқадори фаъоли ҳизб Ҷӯраева Раънохон перомуни аҳамияти Паёми роҳбари давлат, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ андешаронӣ намуданд .Сипас ба якчанд ҷавонон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ботантана супорида шуд.