Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Мо ба он руз расидем,ки истиқлол аст…

Мо ба он руз расидем, ки Истиклол аст,

Мо хамон манзара дидем, ки Истиклол аст.

Дар нафас гулгула кардем фарахмандиро,

Чун дили хеш тапидем, ки Истиклол аст.

Имруз мо халки мехмонавози точик чашни 31 солагии Истиқлолияти давлатиро пешвоз гирифта истодаем. Ин бахри мо як чашни бошукуху файзбор аст, зеро боз бо як соли Истиқлолияти давлати шарафёб гардидаем. На хама халку миллат пойдевори Истиклолияти худро дар давоми 31 сол бо сабру тахамул ва кушишхои беандоза зиёд мустахкам дошта метавонад. Истиклолият барои хар давлату миллат неъматест беназир. Хифзи ин неъмати гаронбахо дар шароити имрузаи чахон кори сахл нест. Давлати Точикистон барои хифз ва таквияти Истиқлолияти худ тамоми шароит, тавон ва имкониятро дорад, вале бояд донист, ки посдори аз Истиқлолият ва сахм гузоштан дар пешрафти кишвар ва мустахкам шудани пояхои Истиклол вазифаи хар фарди бедори миллат ва хар сокини ин сарзамин аст.

Чумхурии Точикистон 9- уми сентябри соли 1991 Истиклолияти давлатии худро эълон кард ва инак 31 сол мешавад, ки бо эътирофи арзишхои башари ва химояи манфиатхои милли дар сахнаи чахони хузур дорад. Хамаи ин аз баракати сиёсати санчидашуда ва ботадбири Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба мо муяссар гардид. Пас, биёед хамагон дар хифзи Истиклолият ва тараккии ин диёри бихиштосо бо хар рохе, ки метавонем, накши сазовор гузорем.

Муборак бод, чашни Истиклоли точик!

Шукуху Вахдату икболи точик.

Фарзонаи Самад

Мутахассиси шуъбаи занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *