Рубрики
Uncategorized

Конибодом: Мулокоти судманд бо максади пешгирии зухуроти номатлуб байни ҷомеа

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷиҳати иҷрои дастури Раиси вилояти Сугд ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, хурофотпарастӣ ва таъсири унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ ва риояи фарҳанги миллии либоспушӣ дар коллеҷу литсейҳо, ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллу шаҳракҳо мулоқоту вохуриҳоро роҳандозӣ намуда, чунин мулоқот тибқи ҷадвали тасдиқгардида санаи 28.09.2021 бо ахли чамоатчигии чамоати дехоти ба номи Эргаш Шарипов баргузор гардид.

Дар мулоқот Юсупов Исмоилҷон -муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр, Тураева Муаззама- раиси Шурои собиқадорони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, Аброров Аббосхон -имомхатиби масҷиди ҷомеи шахр ва масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом иштирок ва бобати масъалаи мубрам –пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи фарҳанги либоспушии миллӣ, даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, мустаҳкамии оилаҳои ҷавон суханронӣ намуданд.

Дар фарчоми мулокот сокинон аз бардошти сухбат изхори каноатманди намуданд ва чавонон бо шукргузори аз сулху суботи кишвар андешарони намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *