Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Мулоқоти ” рӯ ба рӯ ” бо мардум

 Имрӯзҳо масъалаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ташвишовар гардида, фаъолони ҷомеаро зарур аст,ки барои ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонписарони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар , афзудани ҳисси ватандустӣ дар ботини онҳо бо ибтикори кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом мулоқотҳои тарғиботӣ роҳандозӣ гардида истодааст.
Тибқи нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо раисони кумитаи маҳалҳо ва ҷамоатҳои деҳот санаҳои 4-5 уми феврали соли ҷорӣ ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавонписарон чунин мулоқоти ” Рӯ ба рӯ ” бо сокинони маҳаллаҳои Ҷаббор Холматов, қисме аз Бобокалонов,Ҳусейнзода ва Мирмуъмин баргузор гардид.
Дар мулоқот Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир бо волидайни бархе аз даъватшавандагони даъвати баҳоронаи хизмати ҳарбӣ суҳбат ороста, аз онҳо бобати шукргузорӣ ба сулҳу субот,якдигарфаҳмӣ,расидан ба қадри тинҷиву оромӣ , тоза ва ободу сарсабз гардонидани маҳал, тарбияи хуби насли ҷавон даъват ба амал овард. Ҳамчунин аз нооромии ҳамсоякишварҳои ҷангзада мисолҳо оварда, ҳимояи марзу буми аҷдодиро қарзи ҳар як фарзанди худогоҳу ватандӯст шуморид.
Раиси кумитаи маҳаллаи Ҳусейнзода Кибриё Обидова волидонро ҳушдор сохт,ки аз аҳволи фарзандонашон ,ки дар муҳоҷирати меҳнатианд, бохабар бошанд. Зеро аксар ҷавонон ба гуруҳҳои ифротиву тундгаро маҳз аз надоштани дониши сиёсӣ шомил мегарданд.
Сокинони ин маҳалҳо дар фарҷоми суҳбат бо суолу дархостҳои худ муроҷиат намуда,маслиҳатҳои муфид гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *