Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Мулоқоти судманд

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом мулоқоти тарғиботии корманди кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо омӯзгорони муассисаи таълимии №12-и деҳаи Равот баргузор гардид. Дар мулоқот масъули КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бобати таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат нисбати соҳаи маориф суханрониҳо карда,баъдан оид ба масъалаҳои ташвишовари ҷомеа,ба монанди саркашии ҷавонон аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ,шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳаракатҳои тундгаро ақидаронӣ карданд. Аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар раванди таълим инчунин,дар хонандагон махсусан ҷавонписарон ҳисси баланди ватандӯстӣ,ҳифзи он ва худогоҳии миллиро тарбия намоянд. Дар фарҷоми мулоқот бархе аз омӯзгорон соҳиби шаҳодномаи ҳизбӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *