Бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом мулоқот дар мавзӯи “Оқибатҳои ногувори таассубу хурофотпарастӣ ва омилҳои пешгирии он дар ҷомеа” баргузор гардид. Дар он меҳмонон аз маркази ҷумҳурӣ, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Оқилзода Нурулло, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шоири ширинкалом Рудобаи Мукаррам, Раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳҳобзода Абдураҳмон иштирок доштанд. Ба вохӯрӣ инчунин, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои деҳот, ҷавонону фаъолон даъват шуда буданд.
Вохӯриро Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ифтитоҳ бахшида, ҳадафу мақсади баргузории ҷаласаро шарҳ дода, нахуст дар мавриди зуҳуроти номатлуби вақтҳои охир баамаломада, аз қабили гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, мафҳуми “ифротгароӣ” ва “терроризм” ҳарф зад. Таъкид гардид, ки бо фароҳам шудани имконияти васеъи технологӣ имрузҳо ҷавонону наврасон аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоии гуногун истифода мебаранд. Ва бинобар надоштани саводи кофӣ бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро, ки тавассути интернет бо гуфтани суханҳо аз ислому дин ҷавононро ба худ моил мекунанд, фирефта мешаванд ва боиси оқибатҳои ногувор мегарданд.
Дар ин маврид Н.Оқилзода низ баромади муфассал намуда, сабаби чунин ҳолатҳоро аз камсаводӣ, устувор набудани тарбия дар оила арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои ба илмомӯзиву касбу ҳунар машғул шудани ҷавонон тамоми имконияту шароитҳо мавҷуд аст ва калонсолонро лозим аст, ки фарзандони худро ҷиддан назорат ва ба маърифатнокӣ ҳидоят намоянд.
Шоири ваҳдатсаро, бонуи сухан, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар суханронии хеш оид ба неъмати бебаҳои миллати тоҷик – сулҳу Ваҳдат, тинҷиву ободии сарзамин ва саҳму заҳмати Пешвои миллат дар ноил шудан ба ин ваҳдати ҷовидон ибрози назар намуда, пораҳо аз шеърҳои ватандӯстонаи худро пешкаши ҳозирин намуд.
Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз он ёдрас гардид, ки сарчашмаи тамоми мусибату гаравиданҳо ба гурӯҳҳои тундрав набудани саводи диниву дуниявӣ буда, аз ин боис ҷавонон ба суханони фитнаангези ифротиён зуд дода мешаванд. Номбурда ҳамчунин оид ба одобу ахлоқу тарбия дар оила ибрози назар намуда, аввалан падару модарон, бобою бибиҳоро ба меҳру муҳаббату дуст доштани якдигар даъват намуд. Зеро танҳо муносибати бомуҳаббату хайрхоҳонаи зану шавҳар метавонад фарзандони солеҳро дар оила тарбия намояд.
Мулоқот бо ибрози суханҳои самимонаву ҳидояткунанда ва тарбиявӣ сурат гирифта, якчанд нафар иштирокдорон низ дар мавриди масъалаҳои ахлоқиву ватандӯстона андешаҳояшонро баён доштанд.
Дар анҷом аз тарафи Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бастаи китоби тозанашри “Ваҳдат, Давлат, Президент”, ки аз ҷониби Шӯрои мазкур ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ нашр шудааст, ба Конибодом тақдим карда шуд.