Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: МУЛОҚОТИ СУДМАНД

  Санаи 5.12.2022 мулоқоти мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом – Фирӯз Ҳоҷиев бо кормандон ва фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард  баргузор гардид. Мавсуф оид ба нақши калидии ҲХДТ дар арсаи сиёсат ва пешрафти давлати демократӣ ибрози ақида намуд. Ҳамчунин, дар арафаи таҷлили Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъули кумиҷроияи шаҳрӣ ҳозиринро бо ҳадафҳо ва стратегияҳои ҲХДТ амиқтар шинос намуда, зикр дошт,  ки аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбро месазад, ки  талоши худро барои он равона созанд, то мардум ҳарчӣ бештар ба корҳои ободонию созандагӣ ва амали гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро равона созанд ва Тоҷикистони мо боз ҳам пешрафта ва миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому мартабаи баландро соҳиб бошад.

 Дар фарҷом якчанд нафар кормандони ташкилоти мазкур ба сафи ҲХДТ қабул гардида, соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *