Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: МУЛОҚОТ БО ВАКИЛОН

  Дар доираи мулоқоту вохуриҳо ҷиҳати иҷрои супориши Раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода оид ба ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз  дар маҷлисгоҳи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом мулоқоти вакилон бо муовини Шурои шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳеи Тоҷикистон баргузор  гардид.  Зимни мулоқот тавсия дода шуд, ки бо роҳбарии худи вакилон ва аз ҳисоби фаъолон, раисони кумитаи маҳаллаҳою деҳаҳо гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, бо волидони ҷавононе, ки ба синни даъватӣ расидаанд ва айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатианд, мулоқоту вохӯриҳоро роҳандозӣ намоянд. Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки бо ҷалби ҷавонон чорабиниҳои тарбиявӣ -ватандустона бо иштироки аскарони захиравӣ низ мулоқотҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *