Рубрики
top pay day loan

КОНИБОДОМ: МУЛОҚОТ БО ШИФОКОРОН

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом зимни мулоқоту вохӯриҳои худ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва муссисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев бо шифокорони Маркази саломатии деҳоти Раҷаб Ҳамробоев мулоқот оростанд. Зимни суханронии худ намояндагони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба дар меҳвари асосии сиёсати давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор гирифтани соҳаи маорифу тандурустӣ ва таваҷҷӯҳу ғамхориҳои ҳамешагии роҳбари давлат нисбат ба кормандони соҳа ибрози афкор намуданд. Ҳамчунин, дар раванди мулоқот доир ба нақши кормндони соҳаи тандурустӣ дар солимгардонии ҷомеа ва саҳми ин қишри ҷомеа дар мубориза алайҳи бемории сироятии коронавирус ибрози андеша сурат гирифт.Дар фарҷом ба чанде аз кормандони муассиса шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *