Рубрики
top pay day loan

КОНИБОДОМ: МУЛОҚОТ ДАР ҲОШИЯИ АМАЛИШАВИИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ

Дар идомаи чорабиниҳои тарғиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом мулоқоти масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо омӯзгорони муассисаи таълимии №10-и деҳаи Кӯчкаки ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев доир гардид. Зимни мулоқот намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бобати амалишавии Қонунҳои миллӣ аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози афкор намуданд. Дар раванди суханронии худ намояндагони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ва нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро дар тарбияи дурусти насли ҷавону наврас арзишманд арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, зимни мулоқот доир ба вайрон гардидани меъёрҳои қонунҳои мазкур аз ҷониби баъзе афрод қайд гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *