Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: Муттаҳид бошем

               МАҚОЛА: Раванди ҳодисаҳои сиёсие, ки имрӯз дар ҷаҳон ба вуҷуд меояд, то ҷое, пешгӯишаванда ва зудтағйирёбанда ба назар мерасад. Аз шаклгирии чунин вазъ табиист, ки баъзе нерӯҳои аҳриманӣ истифода намуда, барои пиёда намудани аҳдофи сиёҳи хеш дигар аз қолаби нангу номус низ берун шуда, даст ба амалҳои нангин мезананд.

      Дуруст аст, ки Тоҷикистон аз ҳар давлати дигари ҳамсарҳад бо Афғонистон, бештар ба вазъи ин кишвар манфиатдор аст. Зеро ин ду давлат, таъриху фарҳанг, забон ва дину мазҳаби ягона доранд ва гузашта аз ин Тоҷикистон бо Афғонистон дорои сарҳади тӯлонӣ мебошад.

    Дар чунин шароити ҳассос моро зарур аст, ки муттаҳидию ваҳдати миллиро аз даст надода, баръакс барои таҳкими он талош кунем. Инчунин зиракии сиёсӣ ва ҳушёру бедор буданро фаромӯш накарда, дар миёни аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон ҳисси ватандӯстию худшиносиро тарбия кунем. Аз чанд мушкилоти рӯзгор, ки дар муҳити зиндагии мо аст, ҳангома насохта, барои зиндагии шоиста худ муборизу заҳматқарин бошем. Агар мо имрӯз ба қадри сулҳу ваҳдат ва оромию пешрафт нарасем фардо дақиқан дер мешавад. Ба чунин сатҳ расонидани як давлати ҷангзада кори саҳлу содда набуд. Барои ин роҳи сахту ноҳамворро миллати мо зери роҳбарии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тай намудааст. Барои ҳамин ба қадри чунин шароит расидан яке аз нишонаҳои инсон будан аст.

Ҳоҷиев Муҳаммадалӣ

Аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони

“Созандагони Ватан”-и назди кумитаи

 иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *