Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: “МУҲИТРО ТОЗАВУ ОЗОДА НИГОҲ МЕДОРЕМ”

Санаи 03.02.2024 дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 02.02.2024 таҳти рақами 10 бо мақсади вусъати корҳои ободониву созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани коргоҳу маҳали зист ва истиқболи 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ бо ҷалби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, аъзоён ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” шанбегӣ гузаронида шуд.

Масъулин зимни шанбегӣ қисми кӯчаи марказӣ, ҷӯйбор, қисман хиёбони Исмоили Сомонӣ ва гирду атрофи назди бинои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ -ро аз алафҳои хушкшудаву партовҳо тоза намуда, дарахтони ҳамешасабз шинонданд ва бехи дарахтони дигарро нарм намуданд.

Вусъати корҳои созандагӣ, шанбегӣ ва сабзгардонӣ аз ҷониби масъулин ва аъзоёни ҲХДТ дар шаҳри Конибодом идома дорад .

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *