Таҳти чунин унвон санаи 16-уми август соли равон бо ибтикори кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом мизи мудаввар бо иштироки собиқадорон, фаъолон ва вакилон доир гардид.
Дар чорабини вобаста ба аҳамияти таърихии иҷлосия, нақши занон дар таҳкими он, хизматҳои мондагори Пешвои миллат ва масъалаҳои мубрами имрӯз сухан рафта, иштирокдорон доири он ибрози назар намуданд.
Дар чорабини вобаста ба мавзуи зикргардида маърӯзаҳо қироат гардид ва ҳамчунин собиқадорон ба бонувону ҷавонон бобати тарбияи наслҳои ватандӯсту худогоҳ ва хизмати содиқона ба ватани худ маслиҳатҳои муфид доданд.
Бояд қайд намуд,ки чорабинии мазкур дар китобхонаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ,ки санаи 11-уми августи соли ҷорӣ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт,роҳандозӣ гардид .