Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

    Таҳти чунин унвон ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд доир ба баргузории хонишҳои сиёсӣ  санаи 31-уми августи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ба номи “Донояк” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом хониши сиёсӣ баргузор карда шуд. Зимни чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Гулнора Урунова доир ба мавзуъи мазкур ибрози афкор намуда, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар таърихи навини давлатдории миллӣ чун нерӯи бузурги созанда, бунёдкор ва ояндасоз дар рушду нумуи кишвар, таъмини фазои озодии сиёсӣ, демократияи халқӣ ва таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин радиф, доир ба шароити расидани миллати тоҷик ба истиқлолияти давлатӣ ибрози ақида намуда, истиқлолияти давлатиро амалишавии ормонҳои ҳазорсолаи миллат ва адолати таърихӣ арзёбӣ намуд. Дар ин ҷода, аз тарафи мураббиёни фаъоли муассисаи томактабии №15 низ бобати мавзуи зикргардида маърузаҳо пешниҳод гардид.

   Дар фарҷоми суҳбат якчанд нафар мураббиёни ҷавони муассиса ба сафи ҲХДТ қабул гардида, соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *