Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Ниҳоли душманӣ баркан…

    Беш аз сӣ сол аст, ки мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои истиқлолият, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ ба хотири ободии Ватаи маҳбуб ва таъмини рӯзгори ободу осуда ҳалол заҳмат мекашад. Тоҷикистон имрӯз барои ҳар як сокини бо нангу ораш муқаддас аст ва ин маҳбубичт дар мағз-мағзи ҷони ҳар яке ба шарофати сиёсати хтрадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷой гирифтааст. Ягон қуввае онро наметавонад заррае ҳам коҳиш диҳад.

    Се даҳсола аст, душманони миллат-сарварони ҷонибдорони гурезаи ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз худро  узви созмони “Паймони миллӣ” ном мебаранд, нисбати Ватани худ, миллати ба ору номуси худ, сарзамине, ки онҳоро ба дунё овардаву тарбия додааст хиёнатро раво дида, мехоҳанд, ки ба вазъи сиёсӣ халал ворид созанд. Дар Тоҷикистон ошкор шудани 720 ҷинояти марбут ба экстремизму терроризм давоми шаш моҳи гузашта аз он шаҳодат медиҳад, ки душманони миллат то ҳанӯз аз ҳадафи нопоки хеш даст накашидаанд. Қаблан дар ҳудуди кишвар аъзои ҳаракатҳои эктремистии “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, созмонҳои террористии ҷамоати “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ал-қоида”, “ДОИШ” ва ғайра боздошт ва зиндонӣ шуда буданд.

   Ягон амал ҳамешагӣ пинҳон намемонад. Дер ё зуд ҳатман ошкор мешавад. Ҷавонон бояд хуб донанд, ки пайравии кӯр-кӯрона ва ё боварӣ ба ваъдаҳои бардурӯғи дҳушманони миллат оқибатҳои фоҷиабор дорад. Ҷавонон, ҳанӯз дар қӯраи зиндагонӣ обутоб наёфтаанду шояд қудрати фарқ кардани дустро аз душман надоранд, ба ҳар гуна ташвиқоти беасос дода мешаванд.

   Аз ин хотир падару модар дар тарбия ва назлрати рафтори фарзандон масъулият дошта бошанд. Ононро тавре бояд тарбия кард, ки дар ҳақиқат номбардор ва ифтихори миллату давлати худ бошанд.

          Зарифаи Содиқ

декани факултаи коллеҷи омузгории

 ба номи М.Турсунзода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *