Бахшида ба истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ бо мақсади вусъат додани нерӯи эҷодӣ, тарбияи завқи маънавии кӯдакону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, омӯзиши таърих ва тадқиқи маросиму идҳои миллӣ, ғанӣ гардонидани маънавиёт, тафаккури бадеӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ, тарғибу ташвиқи беҳтарин анъанаҳои миллии тоҷик субҳи 17.03.2022 дар толори шӯъбаи маорифи шаҳр байни хонандагони синфҳои 7-11 и муассисаҳои таълимии шаҳр озмунҳои “Ҳафт сину ҳафт шин” ва “Маликаи Наврӯзӣ” ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он гулдухтарони муассисаҳои таълимӣ хеле фаъолона ширкат варзиданд. Озмуни “Ҳафт сину ҳафт шин” аз рӯи се шарт гузаронида шуд:
А)Додани маълумот оид ба мафҳуми ҳафт сину ҳафт шин дар алоҳидагӣ
Б)Ороиши беҳтарин дастархони Наврӯзӣ дар шакли “Ҳафт сину ҳафт шин”
В)Сумалак беҳтарин таоми Нарӯзӣ, (Чӣ гуна сумалакро омода мекунанд, тарзи дуруст тайер кардани сумалак)
Озмуни “Маликаи Нарӯзӣ” аз рӯи 5 шарт гузаронида шуд:
1. Баҳодиҳӣ аз рӯйи ҳусни зебо, қади расо, гесӯи дароз, пироҳани мувофиқ ва шинам, ки тарзи дӯхти муосир дошта бошад.
2. Қироати шеър дар васфи Наврӯз
3. Истеъдоди ман (Кадбонуи , тарроҳ-дӯзанда, навозанда, сароянда, варзишгар, донандаи забон)
4. Намуди рақсҳои аҷдодӣ
5. Базми гулҳо
Озмунро муовини раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируза Шерматова ,директори МТИ Марҳабо Олимова ва мушовирони раесати маориф Бобоҷонова ва Олимова баҳогузорӣ намуданд.
Голибон бо туҳфаҳо ва сипосномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.