Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ОМӮЗИШИ ПАЁМ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Ҳоҷиев Фирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Беморхонаи минтакавии №1 вохурӣ баргузор гардид.

Масъулин вобаста ба самтҳо ва паҳлӯҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, нуқтаҳои асосии онро ба саъми ҳозирин расонид.

Зикр гардид, ки маҳз боварӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат дастуре барои қадамҳои устувор дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, хештандорӣ, ватандӯстиву меҳанпарварӣ, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, густариши эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумат дар роҳи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ содиқона хизмат намоянд ва дар татбиқи саривақтии ҳадафҳои бунёдии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

Ҳамзамон, дастоварду пешравиҳои соли сипаригардидаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҳозирин ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, рушди соҳаи илму маориф, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳидоят карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *