Таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ- адабӣ ба ифтихори 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ, устоди сухан Мирзо Турсунзода дар ташкилоти ибтидоии ба номи Исмоили Сомонӣ воқеъ дар коллеҷи технологии шаҳри Конибодом роҳандозӣ гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, намояндаи рӯзномаи “Садои Конибодом”, устодону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст чорабиниро устоди коллеҷи мазкур Ниёзматова Р ҳусни оғоз бахшида, оиди рузгору осори Мирзо Турсунзода сухан кард. Чанде аз устодону иштирокдорон андешаҳояшонро дар тарғиби ғояҳои сулҳпарваронаи Мирзо Турсунзода баён доштанд. Дар рафти чорабинӣ маъруза , шеърҳо аз ашъори шоир қироат намуда, саҳнаҳо аз лаҳзаи ҳаёти шоир пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Баъдан намояндаи кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Фирӯза Шерматова сухан карда, баргузории чунин маҳфилҳоро ҷиҳати тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ , тарғиби сулҳу дустӣ ва расидан ба қадри ваҳдату якдилӣ муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамчунин Фирӯзаи Абдулазиз-намояндаи рӯзномаи “Садои Конибодом” барои ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳо баҳои баланд дода, нақши ашъори Мирзо Турсунзодаро дар тараққиёти андешаҳои ватанпарваронаи ҷавонон саривақтӣ баён дошт. Чанде аз иштирокдорон андешаҳояшонро перомуни мавзӯъ баён доштанд. Сурудҳо аз ашъори пурғановати устод Мирзо Турсунзода ба маҳфил ранги дигар бахшид.
Рубрики