Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ПАЁМИ САРНАВИШТСОЗ

     Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фароварди соли барои миллатамон таърихӣ, соле, ки 30 – юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз бо шукуҳу шаҳомоти хосса ва дастовардҳои беназир таҷлил шуд,  бо фарогирии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат пешниҳод гардида, вазифаҳои мардуми шарифи кишварро барои соли 2023 муайян намуд.

     Мусаллам аст, ки бурду бохти ҳар як давра дар қиёс бо давраҳои дигар муайян мегардад ва натиҷагирӣ муяссар мешавад. Таҳлилҳои анҷомёфта дар мавриди дастовардҳо ва пешрафтҳои назарраси панҷ соли охир муайян сохт, ки тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат новобаста ба мушкилоти мавҷуда, ба натиҷаҳои қобили таваҷҷуҳ ноил гардида, ба таъкиди Пешвои миллат «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагию ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд».

 Аз ин хотир, бо мақсади рӯшан гардидани рушду густариши кишвари азизамон ва пеши назар рӯнамо сохтани дастовардҳои бесобиқаи бадастомада Пешвои миллат дар ибтидои Паём соли 2022 – ро барои миллати мо соли бобарор буданашро хуб арзёбӣ намуданд. Тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷи кишварро бо солҳои пешин муқоиса карда, тараққиёту пешравии давлатро бо нишондиҳандаҳои назаррас ёдоварӣ намуданд.

          Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи самтҳои фаъолияти мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занон, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд, ки барои боз ҳам рушд ёфтани тамоми соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

          Президенти мамлакат қайд намуданд, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон  ҳамасола ба ҳисоби миёна  дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба сари ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

          Дар Паёми худ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар панҷ соли охир сатҳи некӯаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.   Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт.

          Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 ба 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.

          Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шуд, ки ин ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишварамон мусоидат намуд.

          Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаи иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид.

          Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.

Дар ҳамин давра 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

          Аз ҷумла қайд гардид, ки ҳамзамон бо ин дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, ки ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.

          Ҳамчунин, дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022 – юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

          Дар баробари ин, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кӯмаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад.

          Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.

          Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус, ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем. Аҳолии кишварро мебояд, ки барои захираи амнияти озуқаворӣ заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои корам мавриди киштукор қарор дода шавад.   

Ҳамчунин, дар Паёми имсола барои вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод карда шуд, ки гузаронидани озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот,  деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи беҳтарин ба роҳ монда шавад.

         Мусаллам аст, ки тамоми тадбирҳое, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ андешида мешаванд, маҳз ба хотири некӯаҳволӣ, беҳтар кардани шароити зист ва истиқомати мардуми шарифамон равона шудаанд. Барои касе пӯшида нест, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ зиндагии сокинони кишвар сол ба сол рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, шароити зисти мардум хубтар гардид ва иқтисоди хонаводагиаш боло рафт. Дар робита ба ин дар Паём зикр гардид, ки танҳо дар 10 соли охир 7, 2 ҳазор гектар заминҳои наздиҳавлигӣ барои бунёди беш аз 14 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба аҳолии мамлакат ҷудо гардидааст.

          Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзил ҷудо карда дода шудааст. Бо ин мақсад 139 ҳазор гектар замин ҷудо гардида, беш аз 9 миллион нафар шаҳрвандоним мо имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд, ки ин нишондод дар муқоиса бо 70 соли то замони истиқлол ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

        Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа –ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф,тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

          Бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазирии аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кӯмакпулии унвони иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд. Илова бар ин ,бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод гардид, ки аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз, аз 1-уми июли  соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз, аз 1-уми июли 2023 андозаи нафақаи заминавӣ ва дигар нафақаҳои амалкунанда 20 фоиз зиёд карда шавад.

          Дар Паёми имсола низ  ба соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир намудани сарвари давлат аз сиёсати маорифпарварона дарак медиҳад. Мактабро ба ҳайси  боргоҳи илму дониш, саводу маърифат шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карданд . Бо   ифтихор қайд карданд: «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад». Аз ин баҳои баланд ва боварии қавӣ мо маорифчиён илҳоми тоза пайдо намудем. Ба ҳамин хотир мо – омӯзгоронро зарур аст, ки пайваста ҷараёни таълиму тарбияи насли наврасро мақсаднок ба роҳ монем. Насли ояндасози миллати тоҷикро дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳуввияту ифтихори миллӣ тарбия намоем. Зиёд гардидани маоши кормандони соҳаи маориф аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи сарвари одил дарак медиҳад.

           Пешвои миллат дар Паёми имсола низ мавқеи занон ва духтаронро дар рушди ҷомеа ба маврид қайд намуданд. Нақши зан-модарро мавҷуди муқаддас шуморида зикр карданд, ки саҳми бонувон дар рушди тараққии ҳама соҳаҳо, дастовардҳои ҷавонон ва дастгирии онҳо, ободии роҳҳо, дӯст доштани Ватан хеле бузург аст. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар баробари мардҳо содиқона заҳмат кашида истодаанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо занону бонувонро лозим аст, ки дар самтҳои гуногун боз ҳам меҳнати содиқона намуда, барои тараққиёти давлатамон саҳми беназир гузорем.

Дар Паёми худ Пешвои муаззами миллат ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлолро неруи созандаи Ватан ва  нақши онҳоро дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа   хуб арзёбӣ намуданд. Дар ин хусус Пешвои миллат бо тафохур чунин суханонро ба забон оварданд: «Мо бо ҷавонони кишвари  худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд». Аз ин сабаб ба  дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине арзёбӣ намуданд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

          Воқеан, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Паёми сафобахшу сабзофар буд. Ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол марҳалаи тозаеро боз менамояд ва моро боз ба ҳам ба сӯи ватандӯстиву раъиятпарварӣ, дӯст доштани ҳар порчаи замини муқаддас, пос доштани таърихи аҷдодӣ водор месозад. Дар Паёми навбатии хеш низ Пешвои муаззами миллат дар баробари дастоварҳои солҳои қаблӣ ва роҳнамоӣ ба сӯи фардо, инчунин оид ба ҳифзи марзу буми кишвар, пос доштани таърихи куҳан ёдовар шуданд. Мардуми сарбаланди кишварро ба ватандӯстиву ватанпарастӣ ҳидоят намуда, барои боз ҳам ободу зебо  ва пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол софдилонаву содиқона хизмат намуданро роҳандозӣ намуданд. Бо сарварии Пешвои муаззами миллат мо мардуми иродатманди  тоҷикро мебояд, ки бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ, бо меҳнату заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона тараққиёти босуръати кишварро ба роҳ монем, давлати худро ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Марҳабо Абдуллоева, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд,        директори МТМУ № 4 ба номи А.Абдураҳмонови шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *