Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ-САНАДИ МУҲИМ

    Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисток санади муҳиму сарнавиштсоз ба шумор меравад.  Пешвои муаззами миллат зимни Паёми хеш қайд карданд, ки соли 2022 бо вуҷуди мушкилиҳо яке аз солҳои бобарор буд.  

   Ҳамчунин натиҷаҳои фаъолияти соли 2022-ро  ҷамъбаст намуда, пешравиҳоро дар  ҳамаи соҳаи мухталифи кишвар ба хубӣ қайд намуданд.

Бисёр иншоотҳо, биноҳои таълимӣ, муассисаҳо, марказҳои саломатӣ, таваллудхонаҳо, боғчаю кӯдакистонҳо ва дигар иншоотҳои хурду бузург дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон сохта ба истифода дода шуд, ки ҳамчунин шаҳрҳо, ноҳияҳо ва деҳотҳои дурдаст ҳам дар канор намондаанд.

Чун ҳамешагӣ таваҷҷуҳи роҳбари давлат ба соҳаи афзалиятноки ҷомеа- соҳаи маориф бештар равона гардида, дар бораи баланд бардоштани сатҳу сифати донишомӯзии хонандагон  сухан ронданд. Чунончӣ қайд намуданд:

-“Имрӯз мо соҳаи маориф дар дараҷаи аввал гузорем,зеро ки ҷаҳолат ва бесаводӣ танҳо ба инсон бадбахтӣ меорад”.

   Аз 1 июли соли 2023 музди маоши кормандони соҳаи маориф ва ҳамаи намуди стипендияҳо 20 фисад баланд хоҳад шуд, ки мо маорифчиён аз ин иқдоми саривақтӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори   Сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле сарфарозу мамнунем.

   Паём воқеан санади сарнавиштсоз ва дурахшонгари роҳи фардост. Мо дастуру супоришҳо ва  Паёми Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, минбаъд низ дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи миллат саҳмгузор хоҳем гашт. Ва фарзандони арзандаи замонро тарбия хоҳем намуд.

Фозилова Марҳабо –

директори МТМУ 22,

вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *