Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: ПАЁМИ -РАВШАНГАРИ ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ КИШВАР

Дар замони истиқлолияти давлатӣ ва рушди босуботи сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23 декабри соли 2022 ироа гардид, ҳамчун ҳуҷҷати арзишманди таҳлилӣ ва роҳнамо барои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равшангари имрӯз ва фардои кишвар ба ҳисоб меравад.

Паём мазмунан ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба худ касб намуда, бори дигар собит намуд, ки дар ҳама бахшҳои мухталифи кишвар нишондиҳандаҳои рушд дақиқан ва мазмунан шарҳ дода шудааст, ки чунин пешравиҳо аз рушди босуботи сохаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии кишварамон гувоҳӣ медиҳанд. Имрӯз тамоми ҷанбаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таассуроти беандоза ҷаззобу роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад.

Паём хуҷҷати асосии Стратегии тамоми рукнҳои асосии фаъолияти ҷамъиятиро дар бар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дар пешистодаро равон ва бо пуррагӣ мурратабу матраҳ месозад.

Нуктаҳои муҳиме, ки дар Паём дарҷ шудаанд, гувоҳ бар онанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан боз ба дастовардҳои нав ба нав ноил мегардад ва Истиқлолияти давлатӣ бештар мустаҳкаму қавӣ гардида истодааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ аз ҳама бештар ба масъалаҳои иҷтимоӣ, кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳамчун омили муҳими рушди ҷомеа арзиш доштани ҳаллу фасли мушкилотҳои ба ин соҳаҳо алоқамандро таҳлил менамоянд ва дар Паёми навбатӣ бори дигар масоилеро мавриди мулоҳизаи аҳли ҷомеа намуданд, ки онҳо ниҳоят ҳадафнок маҳсуб меёбад. Он аз далелу рақамҳо иборат буда, ки ҳар кадоми онҳо равшанӣ месозанд, ки Роҳбари бохиради Тоҷикистон бо саъю талоши комил ва азми бепоёни шоиста мехоҳанд, камбудиҳои ҷойдоштаро дар бахшҳои кишоварзӣ, иҷтимоӣ, илму маориф, тандурустию фарҳанг ҳаллу фасл намоянд ва барои таҳким ва рушди ин соҳаҳо асоси устувори иқтисодӣ ва молиявӣ гузаронад ва тараққиёти онҳоро муътадил ва пайдарпай таъмин намояд. Нуктаи дигаре, ки мо мушоҳида намудем, ин таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба мо-ҷавонони кишвари соҳибистиқлол мебошад. Пешвои миллат ҷавононро чун ҳамешагӣ нерӯи созанда ва бунёдкори ҷомеа шуморида, таъкид доштанд, ки ҷавонон ба қадри сулҳу суботи кишвар расанд ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар пешрафту рушди давлати навини тоҷикон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Хулоса, Паёми имсолаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як фарди ватанхоҳу ватандӯст Барномаи мукаммали солона мебошад. Паёми Пешвои миллат сармашқи фаъолияти ҳар яки мост. З-ин ру мо -вакилони ҷавонро зарур аст, ки дар баробари тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, ҳамзамон дар самти татбиқи бандҳои дахлдори он саҳми арзандаи худро дар пешрафти ҷомеа гузошта, дар ин роҳ масъулияти худро оид ба амалишавии иҷрои барномаҳо ва ҳадафҳои созандаи он таъмин кунем.

Комилов Ҳусниддин- котиби ҷамоати деҳоти Фирузоба , вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *