Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: ПАЁМ : НАЗАРИ НЕК БА СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

   Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳуҷҷати сарнавиштсоз сермуҳтаво буда, фарогири паҳлуҳои гуногуни  иқтисодӣ, иҷтимоӣ, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои муҳим мебошад, ки ҳамчун дастурамал ва роҳнамо баҳри рушди ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт нигаронда шудааст.

   Паёме, ки имсол ироа гардид, барои мо – масъулини соҳаи кишоварзӣ паёми саодатбор  буд, зеро аз оғози сухани пурмӯҳтавои Пешвои миллат эҳтиром ба соҳа ва арзи сипос ба меҳнати софдилона ва шабонарӯзии марди деҳқон баръало эҳсос гардида, иқдомҳои дигари созандаро дар дили мо – кишоварзон кашф намуд.

  Иқдомҳои дурбинонае, ки дар Паём таҷассум ёфтаанд, моро водор месозад, ки бо азму иродаи қавӣ ва дили гарм   ҷиҳати амалӣ намудани корҳои созандагӣ талош варзем ва он ҳадафҳое, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пеш гузоштаанд, пайгирӣ намуда, самари дилхоҳро ба даст оварем. 

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус, ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.

Солҳои охир, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд.

  Аз ҷумла соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шуд.

  Дар натиҷа тайи панҷ соли охир суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, 1,4 баробар афзоиш ёфт.

  Дар панҷ соли охир ҳолати мелиоративии 50 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида, 13 ҳазор гектар замини нав аз худ ва 23 ҳазор гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиш ворид карда шуд.

   Воқеан дар доираи супоришҳои додашудаи давлату Ҳукумат ва Пешвои муаззами милат таҷрибаи кишоварзони мамлакат вобаста ба маданияти заминдорӣ, бахусус, дар кишти такрорӣ ва гирифтани ҳосили иловагӣ беҳтар гардида, майдони кишти заминҳои такрорӣ дар панҷ соли охир аз 90 ҳазор гектар ба 213 ҳазор гектар расонида шуд.

   Ҳамчунин дар самти самаранок истифода бурдани обу замин, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва ҳосилнокии зироатҳои  пурра истифоданашуда аз роҳбарону масъулин андешидани тадбирҳои иловагӣ талаб карда шуд.

  Тибқи маълумот 85 фоизи заминҳои корами кишвар обёрӣ карда мешаванд ва беш аз 90 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ аз ин ҳисоб таъмин мегардад.

   Дар баробари ин, истифодаи зиёда аз 40 фоизи заминҳои обёришаванда аз

 кори пойгоҳҳои обкашӣ вобаста мебошад.

   Аз ин лиҳоз, роҳбарону мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таҷдиду барқарорсозии иншооти обёрӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

   Ин ҳама таваҷҷуҳу назар ва эътибори роҳбари давлат бобати дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ аз меҳнати софдилонаи кишоварзони кишвар дарак медиҳад. Ва мо фаъолонро водор месозад, ки дар самти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва гирифтани то се ҳосил аз он,тамоми тадбирҳоро байни ҷомеа ҷоннок намоем ва минбаъд низ дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ саҳмгузор бошем.

ШОКИРОВ АБДУРАҲИМ –

Вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд,

саркишоварзи ҷамъияти саҳҳомии ба номи

 Энаҷон Бойматоваи шаҳри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *