Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Паём -роҳнамо ба сӯйи фардо

Ин навбат мулоқот оиди Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 2.03.2022 бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар муассисаи таълимии №41 бо омӯзгорон ва маъмурияти муассиса баргузор гардид. Дар мулоқоти навбатӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Шерматова Фирӯза ва Ӯрунова Гулнора иштирок намуда, оид ба паҳлӯҳои Паёми навбатии роҳбари давлат ва ғамхориҳояшон нисбат ба соҳаи маориф суханронӣ карданд. Инчунин боиси қайд аст, ки дар мулоқот масъулини КИШ ҲХДТ бобати мавзӯъҳое, ки имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, ҷалби ҷавонописарон ба Артиши миллӣ, муҳоҷират ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ андешаронӣ карданд. Рафти сӯҳбат чанде аз омӯзгорон бобати таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар андешаҳояшонро баён дошта, аз ҷумла ҷиҳати баланд бардоштани музди маоши кормандони маориф арзи сипоси хешро иброз намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ба чанде аз омӯзгорони ҷавони муассиса шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *