Рубрики
top pay day loan

КОНИБОДОМ: ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲОМӢ ВА РАҲНАМОИ ҶАВОНОН

Дар доираи силсилаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Шерматова Фирӯза ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Қобилов Аббос бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр баргузор гардид. Зимни мулоқот намояндагони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ҷавононро бо фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, доир ба таваҷҷӯҳу ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат қарор гирифтани ҷавонон ибрози афкор намуданд. Ҳамчунин, дар мулоқот масъулин доир ба мавзуъҳои мубрами рӯз, мубориза алайҳи падидаҳои манфӣ чун терроризму экстремизм ва муқовимат нишон додан дар амалишавии маромҳои нопоки душманони давлату миллат ибрози ақида намуда, дар ин радиф ҷавононро ба ҳушёрии сиёсӣ даъват намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *