Дар гимназияи ба номи Э.Бозорови ш.Конибодом бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ таҳти унвони «Президент поягузори сулҳу ваҳдат» баргузор гардид.
Намоиши асарҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ба намоиш гузошта шуда буд.
Дар чорабинии тантанавӣ муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом- Шерматова Фируза, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр Махмудов Аличон, намояндаи хафтаномаи “Садои Конибодом” Дехконов Амончон иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ хонандагони синфҳои 5-11 фаъолона иштирок намуданд . Сахнае , ки аз тарафи хонандагон Тухтаев Н ва Очилбоев М дар мавзӯи «Қисмати афғонбачаву тоҷикбача» намоиш дода шуд, хело таъсирбахш буда, ҷасорату мардонагии Пешвои миллатро дигарбора бозгӯӣ кард.
Чорабиниро муовини раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ ҷамъбаст намуда, андешаҳояшонро бобати хизматхои Пешвои миллат изхор намуд.Ва ба маъмурияти муассиса баҳри ташкили чунин чорабинии бошукуҳ арзи сипос баён намуд.
Хулоса Рӯзи Президент дар муассисаи мазкур хеле хубу хотирмон таҷлил гардид.