Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Роҳандозии хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

Дар доираи ҷадвали  тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом  оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ байни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва  кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ҷамоати деҳоти Фирузоба  хониши сиёсӣ  доир гардид.

Дар рафти хониши сиёсӣ  масъулин вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуданд. Ҳамчунин аз ҷавонони фаъол даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри пешрафти ҷомеа, беҳбудии фаъолияти корӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ҳисси арзандаи худро гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *