Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: Рӯзи дониш муборак!

Имрӯз ,яъне  1 -уми сентябр бахшида ба Рӯзи Дониш дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ занги аввал садо дод.  Ҳазорҳо нафар кӯдакон бори аввал ба мактаб қадам гузоштанд.

Ҳамасола дар ин рӯз чун анъана дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ҷамъомади идона баргузор гардида, рӯзи нахустини соли нави хониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад.

Мавриди зикр аст, ки субҳи имруз  Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон Тоир дар ҷамъомади тантанавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 шаҳри Конибодом, ки бахшида ба рӯзи Дониш баргузор гардид, ширкат варзиданд ва муҳассилину омузгорони муассисаро бо соли нави таҳсил муборакбод намуданд. Баъд аз ҷамъомад бо омузгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ дастҷамъона Паёми Пешвои миллат бахшида ба Рузи Дониш тариқи оинаи нилгун тамошо карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *