Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Сафи аъзоёни ҲХДТ меафзояд

Дар ҳуҷраи ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказии шаҳр, ки яке аз беҳтарин ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Конибодом ба шумор меравад, боз якчанд кормандони соҳаи тандурустӣ ба сафи узвияти ҲХДТ пазируфта шуданд. Дар мулоқот корманди кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Юсупова Х ва муовини беморхонаи марказӣ Маликов Алиҷон иштирок ва суханронӣ намуданд. Масьулин ҷавононро ба содиқ будан ба касбу кори хеш ва вориси арзандаи Синои бузург будан даъват намуданд.

Дар фарҷоми сӯҳбат Юсупова Ҳ миннатдории хешро ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳор карда, қайд карданд, ки нақши онҳо дар ҳаёту солимии ҷомеа хеле гаронарзиш аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *