Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: САФИ АЪЗОЁНИ ҲХДТ МЕАФЗОЯД

   Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар доираи силсилаи мулоқоту вохӯриҳои тарғиботии худ ва баҳри омӯхтани фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ санаи 21-уми ноябри соли ҷорӣ бо шифокорон ва ҳамшираҳои  маркази саломатии деҳоти Пӯлотон мулоқот оростанд. Зимни мулоқот масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба нақши калидии кормандони соҳаи тандурустӣ дар таъмини солимии ҷомеа ибрози ақида намуда, ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлатро нисбати ин қишри ҷомеа арзандаи таҳсин арзёбӣ намуданд.

   Ҳамчунин, дар раванди мулоқот ба чанде аз шифокорон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

   Дар фарҷом аз тарафи масъулони кумиҷроияи шаҳрӣ ҳуҷраи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва ҳуҷҷатҳои ташкилот аз назар гузаронида шуда, оид ба камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои методӣ дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *