Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: САФИ ҲИЗБИЁН МЕАФЗОЯД

  Зиёд намудани сафи аъзоёни ҲХДТ аз ҳисоби фаъолони ҷомеа яке аз ҳадафҳои ҲХДТ ба ҳисоб меравад. Дар соли таърихию хотирмон ва ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ сафи аъзоёни ҲХДТ аз ҳисоби омӯзгорони муассисаи таълимии рақами 20 афзуд.
  Санаи 10-уми январи соли ҷорӣ мулоқоти муовини раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова бо омӯзгорони муассисаи таълимӣ  баргузор гардид. Зимни мулоқот бобати муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафу мақомҳои созандаи ҲХДТ , масъалаҳои мубрами руз, ба монанди даъвати насли ҷавон ба хизмат дар сафи  Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон , пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи Қонунҳои миллӣ, аз даст надодани зиракию ҳушёрии сиёсӣ ва шукргузор будан аз сулҳу суботи мамлакат ибрози назар намуд.
  Дар фарҷом чанде аз омӯзгорони муассисаи  мазкур ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул шуда, соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *