Мулоқоти навбатии масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо мудир ва мураббиёни муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 4 ба номи Офтобак баргузор гардид. Муовини кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Фируза Шерматова зимни вохӯрии зикргардида бобати нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдату ягонагӣ, истиқлолияту ҳамдилӣ суханрониҳо карда, ҳамчунин бобати масъалаҳои мубрами рӯз ақидарониҳо намуд ва аз мураббиёни тарбиятгар даъват ба амал овард, ки дар ниҳоди кӯдакон ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарастиро баланд бардоранд. Дар мулоқот бархе аз мураббиён миннатдории хешро нисбат ба ҳукумат ва роҳбарияти кишвар баён карда таъкид намуданд, ки аз меҳрубониҳою таваҷҷӯҳи онҳо пайваста бохабаранд. Аз ҷумла сармураббии кудакистони мазкур Муҳиддинова Манзура иброз дошт, ки аъзои ҲХДТ будан барояш як ифтихори хосе буда, кушиш ба харҷ медиҳад, ки барои ватану миллаташ содиқона хизмат намуда, дар тарбияи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.
Дар фарҷоми суҳбат мураббиёни ҷавони муассиса ба сафи узви ҲХДТ пазируфта шуданд.